• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва кормандони  вазорат нишаст баргузор гардид.

  Нахуст муовини якуми вазири нақлиёт  Суҳроб Мирзоев оид ба моҳияти забон суханронӣ намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки рӯзи 5 октябр дар саросари чумҳурии азизамон Рӯзи забони давлатӣ, забони модарии куллии тоҷикон ҷашн гирифта мешавад.

 Дар нишаст ҳамчунин муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони чумхурӣ Ато Мирхоҷа, шоираи ширинкалом Шаҳрияи Аҳтамзод ва шоир, журналист Сардор Раҳдор чанде аз ашъори тазаэҷодашонро қироат намуданд.

 Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек дар фуровард бори дигар аз мақому манзалати забони тоҷикӣ ва посдории он изҳори андеша намуда, ҳозиронро баҳри омӯзишу равнақи забони ширини тоҷикӣ даъват намуд.