• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 91 – умин солгарди “Иди касбии роҳсозон” маҷлиси бо тантана баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Вазири нақлиёти кишвар Мирзоев Суҳроб Бегматович иштирокдоронро бо таҷлили ҷашнҳо шодбош гуфт.

 Сипас , барои хизматҳои арзанда дар рӯшд ва такомули соҳаи роҳсозӣ 36 нафар корманди соҳа бо нишони сарисинагии “Роҳсози фахрӣ” ва 34 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Таманниёти вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ба  муносибати 27 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 91 – умин солгарди “Иди касбии роҳсозон”.