• Tajik
  • Русский
  • English

 Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ва менеҷери департаменти маркетинги ширкати хитоии JV оf СSСЕС Хingiang  Соnstraction  & Еnginiring  (Сгоuр) Со.,Ltd. and СSСЕС АЕСОМ Соnsultations Со, Ltd ҷаноби Зханг Нао Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи А-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумро бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб ба имзо расонданд.

 Вазири нақлиёт нахуст намояндагони ширкатро барои ғолибият дар озмуни Паймонкор табрик намуда, изҳор дошт, ки аз байни 42 ширкат маҳз ширкати шумо барои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будан ғолиб омад. Агар дар рафти сохтмон фаъолияти хуб нишон диҳед, шояд дар дигар сохтмонҳо ҳам шуморо таклиф кунем. Ӯ аз ширкати паймонкор даъват ба амал овард, ки корро босифат ва дар муддати муайяншуда бояд ба итмом расонанд.

 Роҳбари гуруҳи чиноӣ изҳор дошт, ки мо дар сохтмони роҳҳо таҷрибаи калон дорем, дар давлатҳои Африқо ва Туркия роҳҳо сохтаем. Шуморо бовар мекунем, ки корро ҳам босифат ва ҳатто пеш аз муҳлат анҷом хоҳем дод.

 Қитъаи А-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихум масофаи 32,7 километрро дар бар гирифта,  шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваст менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб - 3,3 киллометр -роҳи дараҷаи 2-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷуйборҳои обпарто ва ғайра, ҳудуди ноҳияи Муъминобод - 18 киллометр - роҳи дараҷаи 3-юм ва ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 11,4 километр - роҳи дараҷаи 3-юм таҷдиду азнавсозӣ карда мешаванд.

 Дар ин қитъа сохтмони 1 пул бо дарозии 42 метр ва 2 пули дигар бо дарозии ҳар кадомаш 33 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ,  нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ, лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

 Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум - қитъаи F

 Рӯзи 24 майи соли равон вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва Менеҷери генералии Ширкати Хитоӣ оид ба сохтмони Роҳҳо ва пулҳои Чин (Сhina Roud Bridg Corporation) ҷаноби Ли Чанвэй  Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумро ба имзо расонаданд. Дар ҷаласа аз тарафи ширкати хитоӣ Чжи Бинь - муовини директори Генералии Ширкат ва Давлатбекова Мадина - сардори шуъбаи робитаҳои берунаи ширкати мазкур, аз тарафи Тоҷикистон - муовини аввали вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, директори МД МТЛ Душанбе-Чанак Зафар Шарифзода ва муовини директори МД МТЛ Душанбе-Чанак Раҳимов Зафар иштирок намуданд.

 Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаихум масофаи 26 км-ро дар бар гирифта деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихум пайваст менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - роҳи дараҷаи 3-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷӯйборҳои обпарто ва ғайра азнавсозӣ карда мешаванд.

 Дар ин қитъа сохтмонӣ 1 пул бо дарозии 26 метр ва таҷдиди 2 пули дигар бо дарозии 24 метр ҳар кадомашон, 1 нақб бо дарозии 360 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ ва лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

 Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур харид ва васл намудани ду Пойгоҳи боркашӣ ва боз якчанд навъҳои гуногуни техникаву таҷҳизот дар назар дошта шудааст, ки дар оянда аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои нигоҳдории роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, ки масофаи умумии 168 км-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад.

 Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа

 Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби Фондҳои маблағгузор аз ҷумла: Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Қувейтии Рушд, Фонди Абу Даби, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  115,5 млн. доллари ИМА маблағ пешбинӣ гардидааст, ки барои ҳар ду қитъа тақсим карда шудааст.