• Tajik
  • Русский
  • English

Кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёту роҳдорӣ!

Шумо ва кулли мардуми сарбаланди кишварро бо рӯзи фархундаи сулҳофар, Ваҳдати миллӣ, табрик мегӯям.

Аз он рӯз, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон байни ду ҷониби даргир  ба имзо расид 22 сол сипарӣ гардид. Ин ҳуҷҷати муҳими таърихӣ барои сарзамини мо на танҳо сулҳу оромӣ овард, балки сарнавишти моро комилан дигаргун сохт. Низоъҳои дохилӣ ва кашмакашу тарафкашиҳо хотима ёфтанд ва Тоҷикистон роҳи рушди босуботро ҷониби ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ризоияти миллӣ ба осонӣ  ба даст наомад. Дар ин росто матонату устуворӣ ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ва наслҳои ояндаи мо набояд фаромӯш кунем. Ин қаҳрамонмард дар марҳилае, ки будан ё набудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва ҳамзамон бо он ҳаёт ё мамоти миллати тоҷик ҳал мегардид, зимоми ҳокимиятро бо ҷасорати бемисл ба даст гирифта, мамлакатро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд.

22 соли Ваҳдати миллӣ ва 28 - соли Истиқлол дар назди таърих замони кӯтоҳест. Вале дар ҳамин муддати кӯтоҳ тавассути роҳнамоии Пешвои муаззами миллатамон ба хотири рушди хоҷагии халқ корҳое анҷом дода шуданд, ки асрҳои аср пешгузаштагони мо оғозашонро ба таъхир андохта буданд.

Ниҳоят рамзист, соле, ки Ваҳдати миллӣ ба даст омад, нахустин дастоварди он ба охир расидани тарҳи  хомакии роҳи Мурғоб – Қулма ба ҷониби боэътимодтарин шарики кунунии иқтисодии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Мардумии Чин гардид. Нақшаи аввалини ҳукумати навбарқароргашта низ аз эҳёи Роҳи овозадори Абрешим шурӯъ гардид ва минбаъд аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ба ҳадафи стратегии давлати мо табдил ёфт, ки имрӯз ба он ноил гашатем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

Тайи 22 соли Ваҳдати миллӣ  дар соҳаи нақлиёти кишвар зиёда аз 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.

Бештар аз 190 километр роҳи оҳан бунёд шуд. Агар ба таърихи начандон дури ин соҳа назар андозем, мебинем, ки навбати аввали роҳи оҳани Кӯлоб-Қӯрғонтеппа низ пас аз якуним соли имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба истифода дода шудааст.

Дар қитъаи душворгузартарин масири Кӯлоб-Дарвоз шоҳроҳи замонавии автомобилгард сохта, ба истифода дода шуд, шоҳроҳи  Душанбе - Чанак бозсозӣ гардид ва тавассути нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон пойтахти кишвар бо шимоли мамлакат ба таври доимӣ пайваст шуд. Дар маҷмӯъ барои ба ҳам пайваст кардани минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон 5 нақб сохта шуд, ки тӯли онҳо ба 31  километр мерасад. Ҳамчунин, 200 пул ва 173,2 километр роҳи оҳан  сохтаву таҷдид гардид. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.

Барои пайвастан ба бандарҳои ҷаҳонӣ сохтмони роҳи оҳани панҷгона тавассути Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон дар нақша аст, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Хатлон, қитъаи Ваҳдат – Ёвон як шохае аз ин масирбуда мавриди истифода қарор дода шуд.

Мусаллам аст, ки барои куллан ба даст омадани Ваҳдати миллӣ вуҷуд доштани роҳи рафтуомад яке аз шартҳои аввалиндараҷа мебошад. Барои комил гаштани Тоҷикистони воҳиду ягона ин ҳадаф нақши ниҳоят муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ дар оянда низ давом додани сохтмони роҳҳо ва пулу нақбҳоро як ҷузви сиёсати ваҳдатофари ҳукумат дониста, фармудааст: «Тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид. 

Минбаъд Ҳукумати кишвар бояд доир ба тавсеаи минбаъдаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва тақвияти инфрасохтори нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, бунёди терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, навсозии заминаҳои моддиву техникӣ ва таҷдиди паркҳои нақлиётӣ, инчунин, афзоиши ҳамлу нақли молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, бо мақсади афзоиш додани ҳамлу нақли одамон ва ҳаҷми боркашонӣ бо дарназардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон ҷиҳати ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд».

Ба ин хотир, Пешвои миллат дар назди мо – роҳдорону нақлиётчиён, вазифа гузоштанд, ки дар ин раванд, яъне ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва афзоиши интиқоли бору маҳсулот, тадбирҳои муассиру зарурӣ андешем.

Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби Пешвои миллат низ моро водор месозад, ки ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин эътибори доимӣ диҳем.

Имрӯзҳо мо аз ваҳдату якдилӣ ҳарф мезанем, дар ҳоле, ки бештари кишварҳои дунёро оғуштаи ҷангу хунрезӣ ва нифоқу низоъҳои байниҳамдигарӣ мебинем. Набояд он рӯзҳои хунину ҳузнангезро фаромӯш созем, ки миллати моро қариб ба нестӣ оварда буд. Пас, имрӯз бояд шукри осудагии кишвар кунему нагузорем, то хоинони миллат бо истифода аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ фарзандони моро гумроҳ сохта,  миёни ҷомеаи мо нифоқ андозанд. Ҳар яки мо амиқ дарк менамоем, ки музаффариятҳои ваҳдату истиқлолиятро бояд муҳофизат намуда, таҳким бахшему тақвият диҳем. Инро танҳо ба воситаи заҳмати шабонарӯзӣ ба нафъи Ватан ва насли ояндаи миллат ба даст оварда метавонем. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонем пеши роҳи душманони миллатро бигирем.

Бори дигар ҳамаи  шумо – кормандони шарафманди соҳаи нақлиёту роҳро, дар ин рӯзи саид ба он даъват менамоям, ки аз як гиребон сар бароварда, кор кунем ва вазифаҳои дар назди соҳа гузоштаи Роҳбарияти Олии мамлакатро бо сари баланд иҷро намоем.

Барои ҳамаи шумо осудагиву иттиҳод ва дар хонадони  ҳар як сокини кишвар  саодату шодмонӣ таманно дорам.

Иди ваҳдату ҳамдилӣ муборак!