• Tajik
  • Русский
  • English

   Дар шаҳри Душанбе 24 майи соли равон дар доираи Комиссияи иқтисодии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба табодули электронии маълумот байни хадамоти гумрук дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ семинари фаннӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

   Дар ибтидо сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Қурбон Саидов аз номи вазорат ҳозиринро хайрамақдам гуфта, мавзӯи матраҳшавандаро хеле муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибҳои ширкаткунандаро дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ ба ҳамкориҳои густарда даъват кард.

   Сипас роҳбари бахши содагардонии ҳамлу нақл ва логистикаи шӯъбаи нақлиёти ЭСКАТО СММ хонум Вирҷиния Танасе аз номи Котиботи ин ниҳод арзи сипос намуда, роҷеъ ба фаъолияти ЭСКАТО СММ дар самти ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои гумрук, нақлиёт ва логистика ибрози андеша кард.

   Дар нишаст ҳамчунин рӯнамои лоиҳа оид ба барқарории табодули ҳисоботи электронӣ миёни хадамоти гумрукҳо ва роҳандозии он дар кишварҳои Осиё Марказӣ баргузор гардид.

   Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Ёқубзода роҷеъ ба таҳлили муқоисавии шартҳои ҳуқуқиву фаннӣ барои табодули электронии маълумот, иқдоми пешниҳодшаванда ба хотири роҳандозии системаи табодули электронии маълумоти марбута ибрози андеша намуд.