• Tajik
  • Русский
  • English

   Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

  Имрӯз мо дар фазои ботантана 25-умин солгарди қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад, ҷашн мегирем.

Дар ин рӯзи саид, бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли ҳамватанони азиз ва ҳамаи Шумо - ҳозирини гиромиро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Ҳозирини гиромӣ!

Инкишофи таърихии Конститутсияҳои давлати Точикистон панҷ давраи таърихиро аз сар гузаронида, ба барпошавӣ ва ташаккули давлати миллии точикон  алокаманданд. Зеро Конститутсия ин худ санади муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқии мавҷудияти ҳар як давлату миллат аст.

Конститутсияи якуми мо, чи тавре, ки аз таърихи нави Тоҷикистон медонем, баъди дар шакли ҷумҳурии мухтор ташкил ёфтани  аввалин давлати миллии тоҷикон дар санаи 28-апрели соли 1929  кабул гардидааст.

Аз Ҷумҳурии мухтор ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон  бошад, дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон  аст. 

Вобаста ба ҳамин дастоварди таърихӣ   Анҷумани фавқулоддаи  Шуроҳои Тоҷикистон дар санаи 16 октябри 1929  дар бораи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қарор кабул кард. Баъди ташкилёбии Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон масъалаи аз ҷихати ҳуқуқӣ  ба танзим даровардани   вазъи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад ва ҳамин Шуро 25 феврали соли 1931 Конститутсияи навро қабул намуд

Бо пеш рафтани ҳаёт ва тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Шуравии собиқ, ки Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи ин давлатро буд, дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шуроҳо  дар санаи 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон   қабул гардид, ки 41 сол амал кард. Дар ин муддат ба он қариб 1000 маротиба тағйиру иловахо ворид гардид.

Бори чорум – 14 апрели соли 1978  аз тарафи иҷлосияи 8-уми ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нав қабул гардид.

Қабули Конститутсия нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари ормонҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад ва барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштааст, ба давраи ниҳоят пурпечу тоб ва тақдирсози таърихӣ рост меояд ва ба даврони соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Эъломияи истиқлолият аз   9-сентябри соли 1991 пайванд аст.

Лоиҳаи он дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16-уми ноябри соли 1992, ки пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби раиси он интихоб гардида буд,  баррасӣ ва пас аз  райпурсии умумихалқӣ дар санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид.

Ба ин муносибат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мефармоянд, ки “Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.”

Ҳозирини гиромӣ!

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имрӯз рӯзи қабули онро ҷашн гирифта истодаем, маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии мардуми мост, ки сарчашмаи он  хислатҳои воло - таҳаммулпазирӣ, андеша, донишу маърифати  баланди миллати кӯҳанбунёди мост.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷаҳониён халки Тоҷикистонро чун субьекти комилхукуки муносибатхои байналмиллалӣ, мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва соҳибфарҳанг мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолахо мунаввар мекунад.

Ҳозирини гиромӣ!

Баъд аз гузашти 25 сол мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк намуда, имрӯз бевосита шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид.

Ҳозирини гиромӣ!

Чи тавре, ки ҳамагон огоҳем, дар ҷаҳони муосир ҷомеаи инсонӣ ҳамон вақт ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи онҳо ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.

Бояд таъкид намуд, ки равандҳои номатлуби дар кишварҳои ҷаҳон баамаломада,  пеш аз ҳама ба мушкилии сарфи назар кардани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ, риоя накардани онҳо аз ҷониби ин давлату ҷомеаҳо алоқамандӣ доранд. Хатарҳои вазнин ва мушкилотҳои сангине, ки кишварҳои дар гирдоби ҷанг мувоҷеҳгашта имрӯзҳо аз сар мегузаронанд, ба ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии онҳо алоқаи мустақим дошта, хатарҳои парокандагиву тақсимшавии ин давлатҳоро ба миён овардааст.

Мо ҳамагон ин дарси ниҳоят душвори таърихро, ки  бадхоҳони миллат дар солҳои на он қадар дури 90-ум тавассути ба роҳ андохтани низоҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ миллати тоҷикро ба гирдоби ихтилофҳои сиёсӣ ва ҷангҳои мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбон ва зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварамонро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил дода буданд, нагз дар хотир дорем.

Маҳз бо шарофати ирода, ақлу заковати мардуми сулҳдӯстамон ва ҳимояи меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки ба низоҳои дохилӣ хотима бахшида, дар асоси принсипи риояи ризоияти миллӣ мардуми парокандаи кишварро сарҷамъ намуда, давлати миллиамонро аз хатари тақсимшавӣ эмин нигаҳ дорем. Дар ин раванди тақдирсози таърихӣ хизматҳои бузург ва бедареғи фарзандони шуҷои миллати шарафманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯзиёну фардоиён намунаи олии сарсупурдагиву қаҳрамонист.

Аз ҳамин нуқтаи назар, мо имрӯз бояд ба равандҳои ҷаҳони муосир, ки бархурди шадиди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат беш аз пеш мазмуну моҳияти худро бо суръати кайҳонӣ тағйир медиҳанд, назар андозем ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ зоҳир намоем. Нисбати ҳама гуна зуҳуроти манфӣ ва ба манфиатҳои миллии давлату миллат мухолиф баҳои сазовор дода тавонем. Дар тарбияи насли ҷавон, ки фардои дурахшони кишвар ба онҳо пайванд аст, нигоҳи дурандешонаву хирадмандона дошта бошем ва ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз назари волоияти қонун назар афканем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти нави  экстримизми диннию мазҳабиро гирем ва насли ҷавони ин миллати соҳибхирад, таҳаммулпазир ва адолатпарвару некниҳодро дар руҳияи олии ватанхоҳӣ, миллатдӯстӣ, донишгароиву соҳибмаърифатӣ тарбия намуда, ворисони арзандаи ин хоку бум ва ин фарҳанги ҷаҳонгирро ба мерос гузорем.   

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба бор овардааст. Фазои мусоиди ҳуқуқӣ, ки Конститутсия давлати демократии Тоҷикистони озоди мо ба шарофати кушишу ҷонбозиҳои  халқи дорои таърихи бою рангинамон дар асоси ғояву арзишҳои миллии худ ва дастовардҳои башарият дар асри нав ба вуҷуд овардааст,  барои куллан дигар намудани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идораи давлат заминаи созгор аст. Натиҷаҳои ба дастовардаи кулли мардуми кишвар тайи солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон, аз ҷумла маҷмааи нақлиётӣ, ки ҳар яки мо дар пешрафту дастовардҳои он саҳми бевосита дорем,  худ исботи гуфтаҳои болоянд.

Бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми наздикон ва пайвандони Шуморо ба ин  рӯзи муборак  табрик мегуям. Сарбаланду хонаобод бошед. 

Пояндаву ҷовидон бод, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Саломат бошед!