• Tajik
  • Русский
  • English

 Сухани табрикии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Ҳар сол 24 ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн мегиранд. Аз ин хотир, иҷозат диҳед, ҳамаи Шуморо бо ин падидаи фархунда самимона табрику шодбош гуфта, ба ҳар кадоми Шумо иқболу сарбаландӣ, хушрӯзию некномӣ ва пирӯзиву комёбиҳои беназирро таманно намоям.

 Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд.

 Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги миллатамон, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос ёфтаанд. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. 

 Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯз мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави давлатӣ табрик намуда, зикр намуда буданд. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

 Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафхои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва баъд Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ бо Фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

 Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву Ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

 Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳбдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошанд.

 Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

 Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз мо бояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро Ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

 Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.

 Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро барои ҳамаи Шумо табрик гуфта, дар зиндагиву касбу коратон комёбиву барору саодат мехоҳам!

 Зинда бод, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!