• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 18-уми июни соли равон гуруҳи корӣ ба­рои дидан ва баррасӣ на­мудани лоиҳаи “Сохтмо­ни роҳи автомобилгар­ди Ваҳдат - Рашт - Лахш - сарҳади Қирғизистон, км 72-158” ба ноҳия Рашт сафар карданд.

 Ба гуруҳи корӣ муо­вини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти кишвар Худо­ёрзода Худоёр, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ноиби Бонки Аврупоии таҷдид ва Рушд Шексин Чен муовини якуми вази­ри нақлиёт Мирзозода Суҳроб, директори Мар­кази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо Араб­зода Нуралӣ ва дигарон шомил буданд.

 Кормандони Вазорати нақлиёт намояндагони бон­кро ба лоиҳаи мазкур аз на­здик шинос намуда, дар бораи ҳар як қитъа ба онҳо маълу­мот доданд. Муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб ҳайатро ба харитаи лоиҳа шинос намуд, ки дар он ҳамаи малумоти марбут ба барнома дарҷ ёфтааст. Муо­вини якуми Сарвазири мам­лакат Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки ин роҳ яке аз роҳҳои байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистонро ба давлати ҳамсоя мепайвандад ва барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани мамлакат низ аҳамияти муҳим дорад. Барои ҳамин мутахассисон бояд дар бунёду таҷдиди он ба хатогӣ роҳ надиҳанд.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".