• Tajik
  • Русский
  • English

СОХТМОНИ БОЗ ЯК РОҲИ ДИГАРИ СЕСАТҲА ДАР ДУШАНБЕ

  Вобаста ба оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии роҳҳои автомбилгард ва сохтмони роҳи сесатҳаи дигар дар шаҳри Душанбе ба ҳаракати нақлиёти мусофирбарӣ аз 26  феврали соли 2018  тағйирот ворид карда мешавад.

Ҳаракат воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар  баъзе кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла бурриши ҳалқаи  хиёбони  Исмоили Сомонӣ ,  хиёбони  Абуалӣ ибни Сино,  Н.Махсум ва кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино  қатъ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки бо пешниҳоди Вазорати нақлиёт дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Сохтмони роҳи сесатҳа марҳилаи дуюми иншооти лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автмобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон» буда, он дар бурриши ҳалқаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони А. Сино сохта мешавад, ҳамчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар бурриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз кӯчаи Н. Махсум бо кӯчаи Баҳовиддинов ва таҷдиди роҳ дар ин масир ба нақша гирифта шудааст.   

   Мувофиқӣ қарори мазкур МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат  ба роҳ монанд.

   Аз  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки як ҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва  шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани  аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати  мунтазами онҳо роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои  мазкурро  тибқи  тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.

Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати сари вақт кӯчонидани хатҳои мавҷудаи муҳандисии зери иншооти зикршуда ба  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.