• Tajik
  • Русский
  • English

 Дар ҷаласаи назоратии Вазорати нақлиёт муовини вазир Шоиста Саидмуродзода Сипосномаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ барои сохтмони майдонча ва Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ барои саҳмгузорӣ дар ташкили мусобиқаи варзишии шоҳмот ҷиҳати дарёфти Ҷоми Пешвои миллатро ба вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибек супорид.

 Вазири нақлиёт аз ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ саҳмгузорӣ намуданд изҳори сипос карда, иброз дошт, ки Сипосномае, ки аз ҷониби раиси ноҳия гирифтем, онро шумо сазоворед ва ҳамагонро ба аҳлона  ва софдилона кор кардан даъват намуд.

 Дар ҷаласа ҳамчунин масоили дигар вобаста ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири нақлиёт ба масъулин супориш дод, ки ба ҷаласаи ҳайати Мушовара, ки 12 - октябр, соати 9: 00 дар Вазорати нақлиёт доир мегардад, омодагии ҷиддӣ бинанд.

 Масоили омодагӣ ба зимистон ва зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз мавзуҳое буданд, ки ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вазорат қарор доранд. Дар ин маврид мутасаддиён супориш гирифтанд, ки нишондиҳандаҳоро дуруст пешниҳод карда, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани кор чораҳои зарурӣ андешанд.