• Tajik
  • Русский
  • English

         Корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи лоиҳа моҳи январи соли 2011 оғоз гардида, тибқи нақша бояд то охири соли равон ба итмом расонида шаванд. Дар сохтмони ин қитъаи роҳ мутахассисон ва роҳсозони Тоҷикистон, Чин, Туркия, Лубнон, ва Кувейт дар ҳамбастагӣ фаъолият карда, шумораи умумии кормандони лоиҳа ба 710 нафар мерасад. Аз шумораи умумии коргарон 595 нафар коргарони маҳаллӣ мебошанд. Дар сохтмони ин қитъаи афзалиятноки роҳ беш аз 250 техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ сафарбар карда шудаанд. Тӯли қитъаи роҳ 40 км-ро ташкил дода, он ҳамчунин сохтмони 10 пули андозаҳои гуногундоштаро дар бар мегирад.

Дар давоми моҳи июни соли равон бунёди роҳ мувофиқи нақша ҷараён гирифта, корҳои сохтмони пулҳо ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Роҳсозон дар ҳамин моҳ дар масофаи 4,5 км қабати аввали роҳро мумфарш карда, дар маҷмуъ бо маблағи беш аз 5 млн доллар корҳои роҳсозиро ба анҷом расонидаанд.

Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ бо маҳали корҳои омодасозии таҳкурсии роҳ, тахту ҳамворкунии хоктеппаҳо, бунёди саддҳои муҳофизатӣ, пойдеворҳо ва ҷую обравҳои канори роҳ ошно шуда, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои пешбинишуда масъулини соҳаро вазифадор намуд.

         Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар иҷрои нақшаи корҳои роҳсозӣ нисбатан пешравиҳо ба назар мерасанд, вале дар аксар қитъаҳои роҳ корҳо мувофиқ ба нақшаи тақвимӣ роҳандозӣ нашудаанд.

         Бо назардошти он, ки рафти татбиқи лоиҳаи муҳими роҳсозӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад, аз роҳбарият ва масъулони Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ талаб карда шуд, ки дар бунёди роҳ талаботи муосири ҷаҳонӣ риоя гардида, тамоми корҳо бо сифати аъло ба анҷом расонида шаванд.

         Дар ситоди сайёри корӣ, ки дар мавзеи татбиқи лоиҳа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, корҳои дар моҳи июн анҷомдодаи роҳсозон натиҷагирӣ шуда, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои моҳҳои оянда мушаххас карда шуданд.