• Tajik
  • Русский
  • English

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро бошад Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.