• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ оид фарҳанги либоспушӣ ва риояи он дар корхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз тарафи хизматчиёни давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати корҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Субҳон баргузор гардид.

  Дар ҷаласа Мудири Шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимова Маҳбуба,  кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат, намояндагони тамоми муассиса ва корхонаҳои зерсохтори Вазорат иштирок намуданд.

  Азимова Маҳбуба ба ҳозирин оид ба фарҳанги либоспушӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи интизоми меҳнат ва дуруст истифода кардани либоси расмӣ дар коргоҳҳо маълумот дод.

  Оид ба мавзуи баррасишуда дигар иштирокдорон ҳам фикру ақидаҳояшонро баён доштанд.