• Tajik
  • Русский
  • English

  Рӯзи 15-уми октябри соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ семинар оид ба арзёбии саҳми миллӣ барои расидан ба хадафҳои глобалии муайяншудаи Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағийрёбии иқлим баргузор гардид, ки дар он кормандони Вазорати нақлиёт ширкат доштанд.

  Мақсади асоси мушовирони байналмилалӣ ин дар якчоягӣ бо коршиносони вазорату идораҳои дахлдор баррасии хадафҳои Созишномаи Париж ва арзёбии саҳми миллӣ барои расидан ба хадафҳои глобалии дар чорчӯбаи Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағийрёбии иқлим мебошад.