• Tajik
  • Русский
  • English

   Комиссияи кории Вазорати нақлиёт  рӯзи  18 апрели соли равон аз  километри 33 + 700 - и роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент санҷиш гузаронд.

   Ин минтақаи роҳ аз домани теппа мегузарад. Рӯзи 17 апрели соли равон аз таъсири  фурӯъ  рафтани теппа қабати  асфалтпӯши  роҳ қариб 60 метри тӯлонӣ вайрон шуда, ҳаракати нақлиётро банд кардааст. Сабаби асосии фруравии теппаро  коршиносони ПИТ ЛК ва Вазорати нақлиёт аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хокии теппа меҳисобанд, ки муҳлати баамалоии тӯлонӣ дорад.  Сабабҳои дигараш дар натиҷаи гузаштани мошинҳои гаронвазн ва заминҷубӣ ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод мекунанд. Фуруравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам фаъол аст.  

   Аз таҳлили мутахассисон маълум гардид, ки ҳангоми гузарондани корҳои муҳандисӣ – геологӣ дар мавриди корҳои имконсанҷӣ минтақаи мазкур яке аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ гардида буд. Аммо азбаски ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ душвор нагардад, ҳангоми таҷдиди он қабати болоии роҳ мумфарш гардида буд.

   Айни ҳол мутахсиисиони Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҷӯӣ мекунанд. Азбаски роҳи мазкур дар муҳлати кафолатӣ қарор дорад,  кормандони Маркази татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои автомбилгарди ҷумҳурӣ қитъаи фурурафтаи  роҳро барои  гузариши муваққатии ҳаракати нақлиёт омода  кардаанд. Аммо корҳои барқарорсозии пурраи ин роҳ то қатъ нагаштани фуруравии теппа ғайри имкон аст.

   Коршиносони Вазорати нақлиёт барои бартараф карадни оқибатҳои вазъи  бамамаломада амалӣ намудани чораҳои фаврии зеринро пешниҳод доранд:

   - айни ҳол қисми болоии  теппаи фурураванда аз ҷинсҳои овезон тоза карда шаванд;

   - татдқиқоти муҳандисӣ ва арзёбии вазъи имрӯзаи мазкур гузаронда шавад;

  - роҳи муваққатӣ – таворавӣ барои гузариши воситаҳои нақлиёт таъмин карда шавад.