• Tajik
  • Русский
  • English

Санаи 11 майи соли 2019 дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷиқистон” ва ҶС “Узбекистон темир йуллари” ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар натиҷаи музокироти судманд байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷиқистон” ва ҶС “Узбекистон темир йуллари” ҷонибҳо оид ба пешниҳоди сабукиҳои (тахфифҳо) нави тарофавӣ барои воридоти хокаи алюминий  (глинозём), кокс ва содироти  алюминий ба мувофиқа расида, Протоколи гуфтушуниди байни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Узбекистон темир йуллари” ба имзо расид.

Тибқи мувофиқа аз ҷониби ҶС “Узбекистон темир йулларӣ” барои интиқоли боркашонии транзитии аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сабукиҳо (тахфиф) зерин пешниҳод гардидааст (замима мегардад):

-тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баракс барои намуди борҳои хокаи алюминий (глинозем), кокс ва алюминий 55% сабукӣ (тахфиф) дар давоми сол пешниҳод карда шудааст;

-тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Амузанг ва баракс 60% сабукӣ (тахфиф) ;

-тавассути қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудукли ва Қарақалпоқистон-Бекобод 55% сабукӣ (тахфиф) барои ҳамаи намуди борҳо дар давоми сол пешниҳод карда шудааст.

Инчунин, барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли, Келес-Амузанг ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-35% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-40% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид.

Имтиёзҳои муқарраргардидаи транзитии роҳи оҳан тавассути Телевизиони Тоҷикистон, рузномаи “Нақлиёт” ва сайти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба самъи соҳибкорону тоҷирон расонида шуд.