• Tajik
  • Русский
  • English

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ба истифода супоридани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” бо роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр баргузор гардид.

Вазири нақлиёт ҳамагонро бо ин рӯйдодҳои муҳим табрик гуфт ва кайд кард, ки ба истифода супоридани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” – яке аз азимтарин лоиҳаҳои асри ХХI дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мебошад, ки имрӯз ҳамаро ва гирди ҳам овардааст.

Дар маҷлиси тантанавӣ имрӯза ҳамаи кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат, намояндагони Муассисаву корхонаҳои зерсохтори Вазорат ҳузур доштанд.

Дар рӯзи Президент ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” низ ба со рамзӣ аст.