• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёрзода Худоёр  иштирокчиёни ҷамъомад ва меҳмононро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

 Парчами давлатии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд.

 Ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.