• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз бахшида ба Рӯзи 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёрзода Худоёр  иштирокчиёни ҷамъомад ва меҳмононро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфт. 

  Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

  Зикр гардид, ки  кормандони маҷмааи нақлиёт  ҷиҳати  татбиқи Конститутсия дар фаъолият ва ҳаёти рӯзмарраи худ ва аз ин тариқ,  баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи неку аҳволии мардуми кишвар саҳм хоҳанд гузошт.