• Tajik
  • Русский
  • English

  Рӯзи 24- уми май дар ҳузури вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон рӯнамои лоиҳаи «Таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа» баргузор гардид.

  Намояндагони ширкати «Kocks Consult GMBH»; Девид Ҷобс- сардори гуруҳ, Виҷай Шреста- коршинос оид ба масъалаҳои геотехникӣ лоиҳаи мазкурро рӯнамоӣ намуда, ҳамаи ҷузъиёти лоиҳаро нишон доданд. Баъди рӯнамоӣ вазир ба мусъулин дастур дод, ки ҳангоми пурра омода намудани лоиҳа ба ҳамаи ҷузъиёти он таваҷҷуҳу диққати хос зоҳир намоянд то ҳангоми оғози сохтмон ба ягон мушкилот рӯ ба рӯ нагардем. Ҳамчунин бояд пешакӣ биандешем, ки сохтмон ҳамлу нақлро халалдор насохта, ба рӯзгори сокинон низ халал нарасонад. Аз ин лиҳоз, онро ҳамаҷониба омӯхтан лозим ва набояд ба хатоӣ роҳ дод таъкид намуд вазир.

  Ҳамчунин вазир сардори КВД ПИТ ва ЛК Олимҷон Холдоровро муваззаф намуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат корҳои геодезиро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.