• Tajik
  • Русский
  • English

      Ҷаласаи шасту чоруми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои дӯст моҳи майи соли равон дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, ки дар кори он маъмурият ва кормандони роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтика ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар Шӯро сардорони хадамоти дахлдори роҳи оҳан бо роҳбарии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон иштирок карданд.

  Дар ҷаласаи Шӯро ба ҳайси нозир намояндагони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳани соҳаи нақлиёт даъват шуда буд.

    Ҷаласаро сардори Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии «Роҳи оҳани Гурҷистон» М. Бахтадзе раисӣ мекард. Дар Шӯро масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 63 – юми Шӯро, нишондодҳои кори мусофирбарӣ дар соли 2015 ва семоҳаи соли 2016, меъёрҳои ҷадвали ҳаракати қатораҳо барои соли 2016 – 2017, нишондодҳои бақайдгирии контейнерҳо ва вагонҳои боркаш, ҳолати ҳисобу китоби хизматрасониҳо миёни маъмуриятҳои роҳҳои оҳан, иҷрои нақшаи сиёсати тарифӣ дар роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои ИДМ, иҷрои сметаи хароҷоти таъмини фаъолияти Дирексияи Шӯро барои соли 2015 ва дигар масоили марбута мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

    Аз ҷониби Роҳи оҳани Тоҷикистон низ оид ба пешравии кор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар боркашониву мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан таклифҳо пешниҳод гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро як қатор кормандони фаъоли роҳҳои оҳан барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо гузоштан дар пешрафти кор бо Ифтихорномаи Шӯро қадр гардиданд. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Раҳимов Ҳавасҷон Собирович – сардори қитъаоти суѓдии Роҳи оҳан ва Давлатова Маҳбуба – сардори бахши боркашонӣ ва банақшагирии бори хадамоти боркашонии РОТ бо мукофоти мавсуф қадр гардиданд.