• Tajik
  • Русский
  • English

 Ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёт вохӯрии вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр бо муовини раиси музофоти Гуансии Ноҳияи мухтори Чжуании Чин баргузор гардид.

 Ҷонибҳо дар вохӯрӣ масъалаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ва баррасии рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни минтақаҳои Чин ва Тоҷикистон, инчунин  тайёрӣ ба Форуми 7- уми навбатии  ҳамкории байни Хитой ва Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.

 Дар оғози мулоқот вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр аз ҳамкорӣ бо ин кишвар изҳори қаноат ва миннатдорӣ намуд. Вай гуфт, ки мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи нақлиёт ҳамкориҳои зич дорем. Ширкатҳои  ин кишвар  дар таҷдиди бисёре аз роҳҳои ватани мо саҳми беандоза мегузаронд. Ҳамчунин вазир доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони он роҳҳое,  ки аз ҷониби кишвари номбурда маблағгузорӣ мешаванд, сухан кард. Барномаҳои лоиҳаи «Як роҳ –Як камар» -ро мо ҳамеша дастгирӣ мекунем, зеро он аз асоситарин долонҳои  алоқаи нақлиётӣ мебошад. Дар маҷмӯъ маблағи умумии  чунин лоиҳаҳо 639 млн. долларро ташкил медиҳанд. Мо бо ширкатҳои чиноӣ муносибат ва алоқаи зич дорем. Онҳо хеле хуб кор мекунанд, гуфт вазир.  

 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва интиқоли автомобилӣ дар шаҳри Душанбе мавҷуд аст. Шоҳроҳҳои нақлиёт низ дар мо зиёд аст ва ҷараёни ҳаракати асосии он аз тарафи Кулма оғоз мешавад. Ҳаракат дар ин масир тариқи корт-иҷозатномаҳо амалӣ мегардад.

 Сипас Ян-Зинбай, муовини раиси музофоти Гуанси ноҳияи мухтори Чжуании Чин, иброз дошт, ки аз мулоқоти  имрӯза бо Вазири муҳтарам хеле хурсанд ҳастам.

 -Аз пазироиатон хеле шоду мамнунам. Шумо яке аз шахсиятҳое ҳастед, ки  ба ҳамкориҳои ин ду кишвар диққати махсус дода истодаед ва дар пешрафти ҳамкориҳо ҳиссагузор ҳастед. Пеш аз ҳама мехостам, ки миннатдории мардуми азизамро ба шумо расонам.

 Мақсади асосии омадани мо ин омодагӣ ба Форумии 7- уми байни Чин ва Осиёи Марказӣ мебошад. Шахсан шуморо, муҳтарам вазир, ба ин Форум даъват мекунем ва умедворем, ки шумо ҳамчунин намояндагии  ҳайати Тоҷикистониро ба уҳда мегиред.

 Форуми ҳамкорӣ миёни Чин ва  Осиёи Марказӣ як заминаи хубе барои ҳамкории кишварҳои ин минтақа хоҳад буд. Дар ҷамъомад, ки рӯзҳои 17-19 октябри соли 2019 сурат мегирад, намояндагони Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Сингапур ва Тайланд ҳузур хоҳанд дошт. Мавзӯи асосии мавриди мулоҳиза ва муҳокимаи ин Форум пайванди  роҳҳои хушкигарду баҳрӣ ва рушди навоварии фаннӣ ва алоқаҳо мебошад. Дар рафти кори Форум ҳамчунин ҷаласоти хурд дар бахшҳои « Логистикаи  байни марзҳо ва тиҷорати электронӣ, Смарт-шаҳр ва навигатсияи  радифӣ, Форум ва бонувон» баргузор хоҳанд шуд.  Мо аз ҷониби Тоҷикистон  ҷаноби Сарвазири кишварро бо 4 намояндаи расмӣ даъват хоҳем кард ва шахси шуморо дар ин миён дидан мехоҳем, гуфт дар охир Ян Зинбай.

 Дар навбати худ ва хулосаи вохурӣ  Худоёрзода Худоёр бори дигар аз ташрифи меҳмонон ва лутфу даъвати онҳо изҳори сипос намуд.