• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим вобаста ба иҷрои банди 2 протокол аз 17 марти соли 2019, оид муҳокимаи ҷараёни сохтмони роҳҳо дар қитъаи Оқ-Сой-Тамдиқ  ва Исфара –Ворух 14 сентябри соли равон вохӯрии намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти роҳбарии вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ва вазири нақлиёт ва роҳи Қирғизистон- Бейшенов Жанат Саматович доир гардид.

Дар вохурӣ, ҳамчунин аз ҷониби ҳайати тоҷикистонӣ муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзозода, муовини раиси вилояти Суғд- Б.Баҳодурзода, намояндаи  Вазорати корҳои хориҷӣ Талабшо Исоев, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Ҳ. Пиракзода ва Сатторов Ф,  намояндагони Кумитаи идораи замин ва геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Тошбеков ва И.Ҷураев низ иштирок доштанд.

Вохурӣ дар километри  32+400, мавзеи “Чойхона”- и роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух,  оғоз гардида, ҳангоми суҳбат нисбати иҷрои корҳои роҳсозӣ тибқи  протокол аз 17 марти соли 2019, ки дар ҳар ду самт корҳо бояд якбора оғоз мегардид, талаб карда шуд. Ҷониби Қирғизистон қайд намуд, ки корҳои роҳсозӣ дар ҳарду самт оғоз карда шудааст ва мумфаршкунӣ ҳоло муҳлат дорад ва омодаанд то охири соли равон ин корҳоро ба анҷом расонанд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Оқ-Сой-Тамдиқ ва Исфара-Ворух роҳи таворавии деҳаи Оқ-Сойро дида баромада, баъд аз он хулосабарорӣ намоянд.

Ҳангоми аз назар гузаронидани роҳи таворавии деҳаи Оқ-Сой маълум гардид, ки он то ҳол мумфарш карда нашудааст ва барои бардоштани қисмати асоси  роҳ аз ҷонибӣ Қирғизистон техникаҳои роҳсозӣ бо миқдори 1 автогрейдер, 1 экскаватор, 1 боркунаки фронталӣ ва 2 нақлиёти боркаши тамғаи Камаз  рӯзҳои наздик ҷалб карда шудааст. Асоси роҳ ҳатто барои мумфаршкунӣ тайёр нест. Мутасаддиёни қирғиз ба вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки асфалтхобонӣ дар роҳи мазкур аз охири моҳи сентябр оғоз мегардад.

Ҳангоми шиносоӣ аз рафти корҳои роҳсозӣ дар роҳи Оқ-Сой –Тамдиқ маълум гардид, ки роҳи мазкур чорвогузар набуда, балки тибқи категория Y-ум дар он сохтмон ба роҳ монда шуда дар қисмати боқимондаи он сохтмони иншооти сунъӣ ба назар мерасад.

Ҳангоми гуфтушунид, намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи кории ин роҳро барои шиносоӣ шуталаб карданд, вале ҷониби Қирғизстон қайд намуданд, ки ин қитъаи роҳ баҳсӣ набуда, ҳудуди Қирғизистон аст ва пешниҳоди ягон ҳуҷҷат зарурат надорад.

Гуруҳи корӣ бо ба инобат гирифтани гуфтаҳои боло пешниҳод намуданд, ки бо сабаби он, ки қисмати роҳи таворавии Оқ-Сой дар роҳи автомобилгарди Исфара-Ворух, то ҳол мумфарш нашудааст, ҳамчунин  барои сари вақт иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби Қирғизистон, ҳамагуна корҳои сохтмонӣ дар қитъаи мазкур мавқуф гузошта шаванд, зеро дар он ҷо хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бунёд гардида истодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Оқсой-Тамдиқ, ки онро чорвогузар мегӯянд ва  бе мувофиқаи лоиҳаи корӣ идома дорад, то мувофиқаи лоиҳаи кори аз ҳар ду ҷониб барои муайян намудани параметрҳои техникии он, тариқи роҳҳои дипломатӣ манъ карда шавад.

Дар ин бора аз ҷониби ҳайти кории Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар гузориш пешниҳод гардида, Вазорати нақлиёт дастури Ҳукуматро ҷиҳати иҷрои минбаъдаи корҳо интизор аст.