• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҳузури Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр Завқибеқ ва кулли кормандони вазорат мукофотҳои давлатие, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи нақлиётро қадр кардаанд бо тантана тақдим намуд.

  Бо мукофоти давлатии унвони “Корманди Шоиста” муовини сардори КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” Усмон Қаландаров ва корманди Муассисаи давлатии Идораи Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор Одинаев Исмоилбек мукофотонида шуданд.