• Tajik
  • Русский
  • English

  Рӯзи 22- юми феврали соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, намояндаи Агентии JICA Хидики Танабе ва ташкилотҳои нақлиётию мақомотҳои байналмилалӣ пешниҳоди рӯйнамо ва муҳокимаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба амалӣ намудани имкониятҳои потенсиалии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Аз ҷумла, лоиҳаи бунёди Маркази ягонаи иттилоотӣ-логистикии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва васеъгардонии доираи хизматрасониҳои логистикӣ тибқи меъёрҳои амалкунандаи байналмилалӣ;