• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизди мудаввар оид ба лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Рашт  - Лахш – сарҳади Қирғизистон, китъаи км 72-158” баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои дахлдори Вазорати нақлиёт иштирок намуданд. 

 Ҳозирин масъалаи лоиҳақашӣ, маблағгузорӣ ва дигар масоили марбут ба лоиҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.