• Tajik
  • Русский
  • English

  Ҷиҳати иҷрои  Фармоиши Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2017. №84 ва бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмону васлгарии Майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматии 8 ва 9-и кӯчаи Туниси ноҳияи Сино пурра ва бо сифати баланд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд.

  Дар расми баистифодасупории майдонча муовини аввали вазири нақлиёти кишвар Суҳроб Мирзоев ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума иштирок доштанд.

  Масоҳати умумии майдонча 1740,0 м2 буда, аз он ҷумла майдончаи умумии бозии кудоакон 501,0 м2 , масоҳати кабудизоркунӣ 179 м2 , масоҳати умумии роҳравҳои бо тахтасангҳо руйпушкардашуда 520,0 м2 ва масоҳати умумии майдончаи универсалӣ (футболи хурд, баскетбол, волейбол) 540,0 м2  –ро ташкил дода, инчунин дар худуди иншоот ду адад майдончаҳо бо турник, брус, зинапоя ва арғунчак таҷҳизонида шуда, барои истироҳату нишасти бошандагон ду адад айвочаҳо сохта шудааст.

  Иншоот аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Маҳмил-2012” бо сифати баланд сохта шуда, ҳамзамон, аз тарафи Вазорати нақлиёт роҳҳои гирду атрофи майдонча дар масоҳати 1000 м2 мумфарш карда шудааст.