• Tajik
  • Русский
  • English

Санаи  4 - уми октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии рӯнамои таҷҳизоту механизмҳои муосири рақамии ташхис, лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва нақбҳо, аз ҷониби намояндагии Ширкати “Тримбл Экспорт Лимитед” пешкаши мутахассисони соҳа гардид.

Дар муаррифии рӯнамо, тартиби истифодаи таҷҳизоти рақамии ташхиси нақбҳо, роҳи оҳан бо истифода аз васлу насби механизмҳои танзимии оптикии лазерӣ ва барномаҳои компютерии замонвӣ аз ҷониби Директори минтақавии Осиёи Марказии ширкати “Тримбл Экспорт Лимитед”  Н. В. Окладников ба иштироккунандагони ҷамъомад муфассал пешниҳод шуд.