• Tajik
  • Русский
  • English

   Рӯзи 1 – уми марти соли 2019 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Имконияти истифодабарии маҳлули омехтаи асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ” бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷрибаи ширкати “UneedUs Group” (ЮНидАс групп) аз  ҷумҳуриҳои Олмон ва Қазоқистон доир гардид.

   Кори Конфронсоро муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб ифтитоҳ намуд. Дар он ҳамчунин роҳбари котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон Каримов Бурӣ Бачабекович иштирок дошт.

   Намояндагони ширкати  “UneedUs Group” (ЮНидАс групп) оид ба таркиби маҳлули омехтаи асфалтубетони сангрезаю сирешимӣ  ва роҳҳои ҷорӣ кардани он дар сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард, ба мутахассисони соҳа маълумоти зарурӣ пешкаш намуданд.