• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд - Душанберо анҷом дод.  Ин ҳавопаймо 29 нафар мусофиронро ба пойтахти Тоҷикистон расонид. Таассуроти мусофирон хеле хубу гуворост.

   Аз ҷониби ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ»  парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе бо ҳавопаймоҳои тамғаи А320 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз ҳудуди 45 дақикаро ташкил медиҳад.