• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз 24 –уми июл, соати 8.00, бо иштироки вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, Раиси ВМКБ Шодихон  Ҷамшедов, Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода ва дигар намояндагони ниҳодҳои дахлдор дар километри 347- уми шоҳроҳи  байналхалқии автомобилгарди  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Қулма роҳ кушода шуда, аз ду самт васоити нақлиёти автомобилгард иҷозати ҳаракат гирифтанд.

  Бар асари фуромадани селҳои зиёд аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳамасола дар фасли тобистон такрор мешаванд, ду қитъаи  шоҳроҳи  байналхалқии автомобилгарди  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ - Қулма ба масофаи зиёда аз як километр дар оврингҳои Хостав дар километри 318 ва Ширговад – километри 347 - и ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванд  бо сабаби дам хурдани дарёи Панҷ зери об монданд. Бояд қайд кард, ки бар асари ин ҳодиса 22 оила бесарпаноҳ монданд.

  Аз рӯзи нахустини фуромадани сел гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, ки ба он вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр,  роҳбарони аввали дигар вазорату идораҳои дахлдор низ шомил буданд, ба ҷои ҳодиса омада, ҷиҳати бартараф кардани оқибати офати табиӣ чорандешӣ намуданд.

  Баъди ду рӯз ба ҷои ҳодиса Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири нақлиёти мамлакат Худоёр Худоёрзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода,  раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, Ҷжи Бин – муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи чиноӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар Тоҷикистон  ва  масъулини дигар ниҳодҳои дахлдор рафтанд. Мутасаддиёни роҳсоз қисмати зери мавҷҳои рӯди Панҷ мондаи овринги Хоставро регу санг ва шағал кашонда, баланд карданд ва ҳаракати васоити нақлиёти автомобилӣ то деҳаи Ёгед ва овринги Ширговад аз сари нав кушода шуд.

  Бояд гуфт, ки аз ду тарафи ҷои селбурда роҳсозони Вазорати нақлиёт, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар ниҳодҳои дахлдор шабу рӯз кор мекарданд. Муовини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев пайваста дар ҷои ҳодиса қарор дошта, кори роҳсозонро назорат мекард. Вазири нақлиёт низ тайи ду рӯзи охир дар ҷойи офатзада  корҳои барқарорсозиро роҳбарӣ мекард.

  Баъди кушодани роҳ бо иштироки вазир ҷаласа баргузор гардида, дар он кормандоне, ки дар кушодани роҳ саҳм гузоштанд, аз ҷониби Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд. Вазири нақлиёт низ ба онҳое, ки шабу рӯз заҳмат кашиданд, изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар Рӯзи кормандони нақлиёт бо мукофотҳо қадрдонӣ хоҳанд гашт.

  Чунонки иттилоъ доданд, барои пурра барқарор намудани қитъаи роҳи мазкур баъзе корҳои боқимонда, дар давоми як ҳафта ба анҷом хоҳанд расид.