• Tajik
  • Русский
  • English

Рӯзи 6- уми феврали соли 2019 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаниш Рустам­бековро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Дар оғози мулоқот ва­зир Сафири навтаъинро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон иброз дошт, ки натиҷаҳои ин мулоқоту музокирот оми­ли муҳим барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

Вазир аз ҳамкориҳои зичу судманд бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи нақлиёт ҳанӯз аз давро­ни Иттиҳодӣ Шуравӣ ёдо­вар шуда, қайд намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо ин ҳамсоядавлат идома хоҳем дод. Айни замон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мо ҳамкорӣ оид ба низоми со­дакардашудаи ҳамлу нақли мусофиру бор ба роҳ монда шудааст.

Сафири Қирғизистон дар оғози сӯҳбат вазир ва дар си­мои ӯ тамоми мардуми ша­рифи Тоҷикистонро ба му­носибати ба истифода дода­ни агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик намуда, изҳор дошт, ки ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ хоҳад монд ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо ба­рои макрдуми Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Номбурда ҳамчунин изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ӯро сафир дар Ҷумҳури Тоҷикистон таъин наму­данд ва қайд кард, ки бо ҳамсоядавлат ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт густариш хоҳад дод. Чун кишварҳои мо манотиқи куҳсоранд, рушди иқтисодӣ маҳз аз роҳҳо вобаста аст ва онҳо шараёнҳои кишварҳо ба шумор мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масълаи ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ ибрози андеша намуда, аз вуруди нақлиёти автомобилии гаронвазн ба кишварамон изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки ин нақлиёти автомо­билии гаронвазн ҳам роҳҳои кишвари мо ва ҳам роҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки бо заҳмати зиёд ва масра­фи маблағҳои калон таҷдиду сохта мешаванд, вайрону валангор месозанд. Хуб ме­шуд, ки ин масъала зудтар ҳалли худро ёбад, зеро он ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Вазир ҳамчунин оид ба сохтмони роҳи автомо­билгарди Ваҳдат - Лахш- сарҳади Қирғизистон низ ибрози андеша намуда, оид ба баъзе расмиёте, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон мавқуф гузош­та шудаанд, даъват кард, ки онҳо тезонида шаванд. Зеро сохтмон ва мавриди истифо­да қарор додани роҳи маз­кур ба рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар мусоидат ме­кунад. Чунон ки маълум аст, интиқолдиҳанда ҳамавақт роҳи кутоҳтарро интихоб менамояд.

Сафир иброз дошт, ки Ҷумҳурии Қирғизистон айни замон ба ташрифи Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон омодагӣ мебинад. Хуб ме­шуд агар ин гуна масоили ҳалталаб зимни ташрифи мазкур баррасӣ гардида, миёни сарони давлатҳо муҳокима гарданд. Итмино­ни комил дорам, ки ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушду тав­сеаи ҳамкориҳои минбаъда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, - илова намуд сафир.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамко-риҳои минбаъда миёни ду кишвар изҳори боварӣ на­муданд.