• Tajik
  • Русский
  • English

  Ҳукумати Ҷопон тариқи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои дастакориҳо ҳамеша мусоидат мекунад. Масалан барои лоиҳаҳои барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ҷудо намудани маблағҳои грантӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи роҳдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва сохтмони пулҳо ва ғайра.

   Аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷопон панҷ лоиҳаҳои барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди зерин дар ҳаҷми умумии 89,5 млн доллари ИМА ба анҷом расидаанд: барқарорсозии роҳи автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён, марҳилаи 1 ва 2, барқарорсозии роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, марҳилаи 1 ва 2, харидории техникаву таҷҳизоти роҳдорӣ барои минтақаи Қӯрғонтеппа ва Ҳисор ва ғайра.

  Агентии JIСA бо даъвати беш аз бист хизматчии давлатӣ аз ҶТ бо ҳадафи донишомӯзӣ дар Ҷапон аз соли 1993 бо Тоҷикистон ҳамкории башардӯстонаро шурӯъ намуда, то кунун дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо саҳми бесобиқа гузоштааст.

   Соли 2006, дафтари намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва аз ҷониби он лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои мухталиф бо мақсади рушди сатҳи зиндагии мардум босуръат амалӣ гаштаанд. Ҳамзамон омӯзонидани забони ҷопонӣ, ҷалби омӯзгорони ризокорро ба донишкадаҳои Тоҷикистон бар зимма гирифтааст. То ҳол теъдоди донишҷӯёни дар чунин курсҳо ба таҳсил фарогирифта беш аз ду ҳазорро ташкил медиҳад. Чунин забондонҳо албатта, дар самти ҳамкории ду кишвар саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

   Моҳи январи соли равон JIСA 10 - солагии ҳузури худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифта, айни замон дар ҳамкорӣ бо ҳукумат барномаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодиро дар самтҳои афзалиятнок амалӣ мегардонад. Барномаҳои муҳиме ба мисли беҳсозии таъмини оби нӯшокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, коҳиши сатҳи камбизоатӣ тариқи рушди хоҷагии деҳот ва саноат, соҳаи энергетика, нақлиёт, назорати марз ва рушди иқтидор алъон аз барномаҳои муҳими ин созмон мебошанд.

   Ҳамчунин бо Вазорати нақлиёт ҳамкории зич дошта, то ҳол корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Дар шаш моҳи соли 2017, аз ҷумла, дарсҳои омӯзишӣ оид ба баҳодиҳии ҷойҳои хавфнок дар  минтақаҳои  Ҳисор, Суғд ва Рашт гузаронида шуд. Ин дарсҳо бо ду тарз -назариявӣ ва таҷрибавӣ) дар идораҳои минтақавӣ гузаронида шуданд.

   Аз рӯи талаботи лоиҳа бояд зиёда аз 80% иштирокчиён аз санҷиш мегузоштанд, аммо аз рӯи натиҷаи санҷиш зиёда 90% иштирокчиён аз санҷиш гузаштанд. Қисмати якуми дастурамал оид ба пешгирии офатҳои табиӣ тайёр карда шуда ба Вазорати нақлиёт ва идораҳои зер тобеии пешниход шуданд.

   Нишондоди натиҷаи дуюм дар он буд, ки мушовирон натиҷаи ду дастурамал оид ба бартарафсозии офатҳои табииро тайёр карданд ва дастурамал аз рӯи нақша баъд аз анҷом ёфтани тарҷума бо забони русӣ моҳи декабри соли 2017 ба Вазорати нақлиёт ва идораҳои зертобеии он пешниҳод шуд.