• Tajik
  • Русский
  • English

  Холова Зуҳро Акбаровна мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт буда, соҳиби камарбанди сиёҳ III – дан аст ва аз соли 2005 то ҳол узви дастаи мунтахаби миллии Тэкван-до (ИТФ) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Холова Зуҳро аз соли 2000-ум ба ин намуди варзиш машғул гардид.

 Инчунин аввалин духтари тоҷикшуда соли 2016 дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё - Кикбоксинг  К1 иштирок намуда, қаҳрамони Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ гардид.

  Моҳи апрели соли 2017 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба Кикбоксинг иштирок намуда, қаҳрамони Осиё оид ба Кикбоксинг дар Ашқобод, Туркманистон гардид.

   Зуҳро Холова «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Тэкван-до ва Кикбоксинг» мебошад.