• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон ба кори худ шурӯъ намуд. Ҳамраисии қисми тоҷикистонии Комиссияро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр ба уҳда доранд.

  Дар рафти ҷаласа баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла: тиҷорат, савдо, нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, саёҳӣ, суғурта, илм ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.