• Tajik
  • Русский
  • English

   Рӯзи 1 – уми сентбяр бо иштироки вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёрзода Худоёр дар идораи ХДНТ дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи хоса бо кормандони хадамоти мазкур ва сардорони ширкатҳои ҳамлу нақл, мошинҳои дурсафар ва гаронвазн доир гардид.

  Хуршед Қурбонзода, сардори ХДНТ дар соҳаи нақлиёт, дар оғози ҷамъомад зикр намуд, ки мақсади мо аз вохурии имрӯза ин шиносоии роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо ширкатҳои ҳамлу нақли байналмилаллӣ  ва риояи талаботи қонуну қоидаҳо ва санадҳои меъёрии соҳа мебошад.