• Tajik
  • Русский
  • English

    Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек санаи 2 майи соли ҷорӣ дар маросими ифтитоҳи расмии бандари баҳрии шаҳри Туркменбошӣ, Туркманистон иштирок хоҳанд кард. Ҳамзамон иштироки Вазири нақлиёт дар машварати Вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки санаи 3 май дар шаҳри Туркменбошӣ доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.