• Tajik
  • Русский
  • English

  Рӯзҳои 30-юми май то 5-уми  июни соли 2016 дар шаҳри Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин 7-умин Форуми байналмилалӣ оид ба сармоягузории инфрасохтор ва сохтмон дар мавзӯи “Сохтмонҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтор” баргузор гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ширкат варзид.

  Дар Форум котиби масъули Мақомоти иҷроияи шаҳри Макао оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ҷаноби Леонг Вай Так, раиси “Ассотсиатсияи Байналмилалии пудратчиёни Чин” ҷаноби Фанг Чиучен, роҳбари “Пажӯҳишгоҳи Тиҷорат ва Рушди Сармоягузории шаҳри Макао” ҷаноби Ҷексон Чанг суханронӣ намуданд.

  Дар кори форум вазирон ва муовинони вазирони нақлиёт ва роҳи кишварҳои Эрон, Покистон, Британияи Кабир, Латвия, Босния ва Герсоговина, Хорватия, Индонезия, Малайзия, кишварҳои Америкаи лотинӣ, Африқо, намояндагони Бонки Рушди Чин, Бонки Чин, Бонки Байниамерикоии Рушд, Бонки Содироту Воридоти Чин, Бонки Содироту Воридоти Африқо, Бонки Исломии Рушд, намояндагони ширкатҳои пудратӣ дар соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, энергетика, мелиоратсия, илм, техника ва технология, намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи техника ва таҷҳизотҳои сохтмони роҳ “Катерпиллар”, “Люгонг” ва “Волво” иштирок намуданд.

Дар доираи форум инчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони чиноӣ ва фаъолияти ширкатҳои сохтмонии пудратии ин кишвар баргузор гардид.

  Тибқи Барномаи қабулгардида, форум ба якчанд ҷаласаҳо ҷудо карда шуд, ки дар доираи ҳар як ҷаласа мавзӯъҳои гуногун, аз қабили “Усулҳо ва имкониятҳои нав дар бахши маблағгузории сохтмон”, “Беҳтар намудани ҳамкориҳои рушди инфрасохторӣ байни Чин – кишварҳои Америкои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб”, “Навъовариҳо дар маблағгузории байналмилалии инфрасохтор ва табодули усулҳои тиҷорат дар доираи Барномаи “Як камарбанд ва Як роҳ”, “Сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ дар доираи Ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ”, “Ҳамкорӣ миёни Британияи Кабир ва Чин” ва “Пешниҳоди нақшаҳо ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар доираи Барномаи “Як камарбанд ва Як роҳ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  Шералӣ Ганҷалзода дар доираи ҷаласа дар мавзӯи “Пешниҳоди нақшаҳо ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар доираи Барномаи “Як камарбанд ва Як роҳ” доир ба ҳамкориҳои мавҷуда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахши сармоягузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Чин ва дигар шарикони рушд, инчунин иштироки ширкатҳои сохтмонии пудратии чиноӣ дар татбиқи лоиҳаҳои мазкур баромад намуд.

Вазири нақлиёт дар баромади худ доир ба гузариши Роҳи Бузурги Абрешим дар давраҳои қадим аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ва зарурияти эҳёи он ки яке аз ҳадафҳои асосии Барномаи “Як камарбанд ва Як роҳ” мебошад, суханронӣ намуд.

  Ҳамчунин перомуни корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони роҳи оҳани Чин, Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма (сарҳади Чин), дар қитъаи Қалъаихум-Хоруғ-Мурғоб-Қулма иттилоъ дода, шарикони рушд ва ширкатҳои сохтмонии пудратиро барои сармоягузории лоиҳаҳои мазкур ва иштирок дар татбиқи амалии онҳо даъват намуд.

   Вазир ҳамзамон дар доираи сафари мазкур бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонии пудратии Чин, ки дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, мулоқотҳо баргузор кард.

  Аз ҷумла, зимни мулоқот бо Гурӯҳи ширкати Идораи 19-уми роҳи оҳани Чин ва Корпоратсияи муҳандисӣ-сохтмонии шаҳрвандии Чин масъалаи рафти татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа,  қитъаи Ваҳдат-Ёвон” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин бо роҳбарияти Корпоратсияи чиноӣ мулоқот доир намуда, оид ба сохтмони роҳу пулҳо, масъалаи вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон” ҷиҳати баанҷомрасонии лоиҳа то охири соли 2016 матраҳ гардида, зимни мулоқот бо роҳбарияти Ширкати сохтмони роҳҳо ва пулҳо “Бейсин” низ масъалаҳо оид ба вусъатбахшии корҳои иловагӣ дар доираи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент-сарҳади Узбекистон” муҳокима гардиданд.

  Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти мулоқотҳои мазкур аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои болозикр боварӣ кунонида шуд, ки тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати баанҷомрасонии корҳои лоиҳавӣ тибқи мӯҳлатҳои муқарраргардида андешида шуда, рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти ширкатҳо қарор мегирад.