• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 25 – июли соли равон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди нақлиётчиёни автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муовини вазири нақлиёти кишвар Вализода Рустам Файз ҷаласаи тантанавиро оғоз бахшида, аҳли нишастро бо иди касбиашон шодбош гуфт.

 Сипас, сардори раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Неъматзода Фаррух оид ба дастовардҳои соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар даврони истиқлол ва таърихи ташаккули он ба ҳозирин маъруза намуд.  Ба ҷалаcа собиқ вазирони Вазорати нақлиёт, собиқадорон ва фаъолони соҳа даъват шудаанд.

 Дар фарҷоми ҷаласа бо фармони вазири нақлиёти кишвар як қатор собиқадорон ва фаъолони соҳа бо нишонаи сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаи "Нақлиёт".