• Tajik
  • Русский
  • English

  Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди нақлиётчиёни автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25 – июли соли равон дар Вазорати нақлиёт баргузор шуд. Ба ҷалаcа собиқ вазирони Вазорати нақлиёт, собиқадорон ва фаъолони соҳа даъват шудаанд.

 Вазири нақлиёти кишвар Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавиро оғоз бахшида, аҳли нишастро бо иди касбиашон шодбош гуфт. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки пешравиҳои соҳаи нақлиёти автомомбилӣ нисбат ба замони шуравӣ хеле назаррасанд ва баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои кори соҳа бояд ҳаматарафа кӯшиш наомем. Вазир- Ганҷалзода Шералӣ саҳми мутахассисони соҳаро дар ин ҷода мусбат арзёбӣ намуд.

Сипас, муовини вазири нақлиёти кишвар Зулфия Мамаднабиевна оид ба дастовардҳои соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар даврони истиқлол ва таърихи ташакули он ба ҳозирин маъруза намуд.  

Дар интиҳо собиқ вазирони нақлиёт Якубов Наримон, Абдураҳим Ашӯр ва чанд нафари дигар аз собиқадорони соҳа оид ба таърихи рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ, пешравию мушкилоти он қиссаҳо карданд. 

    Дар фарҷоми ҷаласа бо фармони вазири нақлиёти кишвар як қатор собиқадорон ва фаъолони соҳа бо нишонаи сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.