• Tajik
  • Русский
  • English

  Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди  Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузарад.

  Аз ин хотир  то ҳали ин қазия Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон  тавсия медиҳад, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озобойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд. Ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон-Узбекистон-Тоҷикистон аст вале айни ҳол ягон а илоҷ ҳамин аст.

  Дар ин бора аз ҷониби Вазорати нақлиёт ба Вазорати корҳои хориҷи муроҷиат карда шудааст, вале то ҳол аз ҷониби Туркманистон ҷавоби расмӣ наомадааст.