• Tajik
  • Русский
  • English

   Аз 12 то 17-уми моҳи июни соли равон тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муовини директори Агентии хизмати давлатӣ  Бибиосия Аюбӣ, сармутахассиси маркази тадқиқоти стратегӣ Собиров Маъдӣ Худоёрович, мудири шуъбаӣ Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло,  раиси ҲХДТ-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Нуриниссо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарипов Маҳмадаюб як гуруҳи корӣ ба ноҳияи Кубодиён сафар намуданд.

    Ин иқдом бахшида ба ҷашни Ваҳдат ва “Соли чавонон” эьлон гардидани соли 2017, сурат гирифта, бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии ин ноҳияи сарҳадӣ вохуриҳо баргузор гардид.

  Дар вохӯриҳо кормандони маҷмааи роҳдориву нақлиётӣ фаъолона ширкат варзиданд ва махсусан шумори ҷавонон ва бонувон дар ин вохӯриҳо зиёд буд.