• Tajik
  • Русский
  • English

Дар вохӯрӣ аз ҷониби вазорат, муовини вазир Шералӣ Ганҷалов, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Бозоралӣ Ҳаётов, сармута­хассиси Шӯъбаи кор бо сармоягузо­рии хориҷӣ Сӯҳроб Одинаев ва директори иҷроияи Марка­зи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Мухтор Неъматов аз ҷониби меҳмонон, мутахас­сис оид ба бахши молиявии Шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Приянка Суд иштирок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаи баҳодиҳии кумаки техникӣ барои дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусиро баррасӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ муовини вазир Ш. Ганҷалов ба меҳмон дар хусуси бахши фазои инвеститсионӣ ва дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ маълу­мот дод. Барои татбиқи дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ, ит­тилоъ дода шуд, ки айни ҳол, нигоҳдорииқитъаи роҳи авто­мобилгарди Ваҳдат-Обигарм (76 км) ба ширкати ҶФДММ “Ғаюр-1” ва қитъаи роҳи Нуробод-Нимич (73 км) ба Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” супорида шудааст.

Масъалаҳо оид ба раф­ти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт (ба монанди таҷдиди роҳҳои Душанбе-сарҳади Қирғизистон марҳилаҳои 1, 2, 3, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг ва таҳияи нақшаи генералии сектори нақлиёт), ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ меша­ванд, инчунин муайян намуда­ни самтҳои ҳамкориҳои мин­баъда баррасӣ гардиданд.