• Tajik
  • Русский
  • English

  Вазорат бо арзи эҳтиром ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти нақлиёти роҳи оҳан чунин иттилоъ медиҳад.

  Дар асоси Протоколи вохӯрии кории Сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16.07.2018с. ш.Фарғона), ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз 1 августи соли 2018 дар истгоҳҳои роҳи оҳани Термиз, Қаршӣ ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, барои фаровардан ва савор шудани мусофирон, инчунин дастрас намудани чипта барои истифодаи хизматрасонии қатораҳои мусофирбарии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.

  Ҳамзамон дар асоси барқияномаҳои ҶС “Узбекистон темир йуллари”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (02.08.2018с., №147 ва 17.08.2018с., №1827)  ба мусофироне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешакӣ дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Душанбе-Москва-Душанбе, Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд чипта харидорӣ менамоянд, чунин сабукиҳо пешниҳод намудааст:

- аз 31 то 45 рӯз пешакӣ харидоришуда -25%

- аз 30 то 4 рӯз пешакӣ харидоришуда дар вагонҳои ҳуҷрадор-20%

- аз 30 то 4 рӯз пешакӣ харидоришуда дар вагонҳои пласкартӣ-10%

  Инчунин, аз ҷониби ҶС “Узбекистон темир йуллари”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон (аз 15 августи соли 2018 то 31 декабри соли 2018) барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардида, барои содироти бор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес, Қудуқлӣ-Қарақалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпокистон ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардидааст.