• Tajik
  • Русский
  • English

  Бахшида ба иди касбии ҳавопаймоёни тоҷик рӯзи 2- уми сентябр дар толори ҶСК “Тоҷик Эйр” ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр, муовини вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ, роҳбарони аввали ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

 Нахуст Вазири нақлиёти кишвар ҳавопаймоёни шарафманди кишварро бо иди касбиашон шобдош гуфта, аз таърихи ҳавопаймоии тоҷик мисолҳо овард ва аҳли толорро ба хизмати софдилона ва меҳнати арзанда даъват намуд. Бо фармони Вазири нақлиёт як қатор кормандони соҳо бо ниҳони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Ифтихорномаи вазири нақлиёт қадр гардиданд.