• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар Вазорати нақлиёт бо мақсади таҷлили 90 – умин солгарди “Иди касбии роҳсозон” барои хизматҳои арзанда дар рӯшд ва такомули соҳаи роҳсозӣ 30 нафар корманди соҳа бо нишони сарисинагии “Роҳсози фахрӣ” ва 44 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

  Инчунин, бо мақсади таҷлили 26 –умин солгарди “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои хизматҳои арзанда дар рушд  ва такомули соҳаи нақлиёт 2 нафар корманди соҳа бо нишони сарисинагии “Роҳсози фахрӣ”  ва як нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.