• Tajik
  • Русский
  • English

   Аз хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки 31 март аз Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия ба ширкат оид ба маҳдудиятҳо аз 3 апрели соли равон барои парвоз ба Москва телефонограмма омадааст. Ҳамин тариқ, тибқи огоҳнома, ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Москва дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе, (4 бор дар як ҳафта), ҳамчунин парвозҳо аз Хуҷанд ба самти Москва (3 бор дар як ҳафта) иҷозат дода намешавад.

   Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози ҳамаи хатсайрҳоеро, ки ба рӯйхати дар боло зикргардида ворид шудаанд, қатъ мекунад ва изҳори таассуф менамояд, ки бо сабаби аз ҷониби Федеретсияи Русия дер огоҳ кардани чунин вазъият, ба мусофирони худ нороҳатӣ эҷод кард. Маблағ барои билет сарфкардаи мусофирон дар макони онро ба даст оварда баргардонида мешавад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои муайян кардани сабабҳои чунин қарори Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия корҳоро идома дода, умедвор аст, ки масъалаи мазкур ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасли худро меёбад.

   Тибқи иттилои торнамои Вазорати нақлиёти Русия ин маҳдудият аз соати 8:30 дақиқаи (10:30 ба вақти Душанбе) рӯзи душанбеи 3 апрел оғоз хоҳад шуд.

   Вазорати нақлиёти Русия далели ин иқдомро ба "иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Ямал"- и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд" рабт додааст. Ин вазорат ба протоколи гуфтушунидҳо миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли равон ишора кардааст, ки дар он ба ширкати "Ямал" иҷозаи чор парвоз аз Жуковский ба Душанбе ва се парвоз ба шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шуда буд ва Ямал дуввумин ширкатест, ки ба Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ мекунад.

   Маҳдудият дар парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба Русия дар ҳоле пеш омад, ки вазири нақлиёти Федератсияи Русия Максим Соколов ҳушдор дод, ки агар Душанбе ба “Ямал” иҷозаи парвоз надиҳад, чораҳои нав хоҳанд андешид.​ Вазири нақлиёти Русия 29 март дар суҳбат бо хабаргузории РИА «Новости» гуфтааст, ки дар мавриди парвозҳои ширкати “Ямал”-и ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе дар охири моҳи марти соли равон мувофиқа ҳосил шуда буд. Ба қавли ӯ, дар ин дидор ҷониби Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Оренбург ва Уфа ризоят додааст.

   Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Русия мактуб равон карда шуд, ки бояд ширкати «Ямал» ду бор ба фурудгоҳи Кӯлоб ва ду бор ба фурудгоҳи қӯрғонтеппа парвозҳоро анҷом диҳад, аммо ҷониби Русия ин пешниҳодро ҷонибдорӣ накард. Ба хотири халалдор насохтани муносибати дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал» иҷозат додааст, ки ҳафтае 2 бор ба фурудгоҳҳои Душанбе ва 2 бор ба фурудгоҳи Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳад. Аммо ҷониби Русия мехоҳад, ки дар як ҳафта 7 бор ширкати «Ямал» ва 7 бор ширкати «Уралские авиалиний» ба фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе парвозҳоро анҷом диҳанд. Ин ба ягон қоидаи авиатсионӣ рост намеояд ва паритети (баробарии) парвозҳо риоя намегардад.

   - Мо ягон банди Созишномаи ҳамкориҳои соҳаи ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия ва қоидаҳои ИКАО- ро вайрон накардаем. Агар дар мавриди парвозҳо ба ҷониби Русия гузашт карда бошем ҳам, ба хотири ҳамкориҳои дерина ва муносиботи дӯстонаи кишварҳо аст, гуфтанд дар Вазорати нақлиёти ҷТ.

   Аз Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, ки агар масъала ҳалли мусбии худро наёбад, мо ҳам маҷбур ҳастем, ки дар ин иртибот чораҷӯӣ намоем. Яъне парвози ширкатҳои ҳавоии «Ют Эйр» ва «Уралские авиалиний» - ро ба Душанбе  (4 парвоз) ва Хуҷанд (3 парвоз) боз дорем.

   Бояд қайд кард, Созишномаи алоқаи ҳавоии Тоҷикистону Русия соли 1997 ба имзо расида буд, ки мутобиқи он бояд паритети (баробарии) парвозҳо аз ҳар ду ҷониб риоя карда шавад.

   Аз таҳлилҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бармеояд, ки то ҳол дар як моҳ 63 фоизи парвозҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия ва танҳо 37 фоизро ширкатҳои Тоҷикистон ба Русия анҷом  медиҳанд.

  Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар протоколи танзими парвозҳое, ки 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда, 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург, мамнӯъ намуд.​

   Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия ва ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳанд. “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофирбарии Тоҷикистон ҳузур доранд. Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар будааст. Сабабашро коршиносони Вазорати нақлиёт дар гарон будани нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.

   Ҳамчунин хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ як хел аст. Коршиносон бар онанд, ки хизматрасонии фурудгоҳӣ бояд барои ширкактҳои хориҷӣ бетахфиф ба роҳ монда, ба ширкатҳои ватанӣ  сабукиҳо дода шаванд. Агар ин равнад иҷро гардад  ва нархи маводи сӯхт барои ин ширкатҳо арзонтар шавад, онгоҳ нархи билет низ коҳиш хоҳад ёфт.

   Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири амалӣ шудани ин тадбирҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад бурд.