• Tajik
  • Русский
  • English

 Рӯзи 12-уми феврали соли равон дар МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ҷаласаи якҷояи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии оморӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дақиқ ба роҳ мондани баҳисобгирии ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои асосии соҳаи нақлиёти автомобилӣ баргузор шуд.

 Дар ҷаласа ҳозирин раф­ти иҷрои баҳисобгирии омо­рии нишондиҳандаҳои асосии ҳамлу нақли бору мусофирон дар соҳаи нақлиёти автомоби­лиро мавриди муҳокима қарор доданд.