• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёт,Ҷаласаи Ситоди навбатӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019”,  фармоиши вазорат аз 19 апрели соли 2018, №107 “Нақшаи чорабиниҳо дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019” бо роҳбарии Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр баргузор гардид.

  Дар Ситоди навбатӣ сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд.