• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёт, Ҷаласаи Ситоди навбатӣ оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бо роҳбарии муовини якуми Вазири нақлиёт Мирзоев Суҳроб Бегматович баргузор гардид.

  Дар Ситоди навбатӣ сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд.